Гузоришгари вижаи СММ: Амрико ва Арабистон дар бораи Хошуқҷӣ бо СММ ҳамкорӣ намекунанд
(last modified 2019-02-28T15:20:26+00:00 )
Феврал 28, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Гузоришгари вижаи СММ: Амрико ва Арабистон дар бораи Хошуқҷӣ бо СММ ҳамкорӣ намекунанд

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз адами ҳамкории Амрико ва Арабистон бо ин созмон дар заминаи террори Ҷамол Хошуқҷӣ интиқод кард.

Ба гузориши Ал-Ҷазира, Агнес Каламард, гузоришгари вижаи СММ дар заминаи эъдомҳои бидуни муҳокима, таъкид кард, мақомоти Саудӣ монеи талошҳои Туркия дар заминаи таҳқиқот марбут ба террори Ҷамол Хошуқҷӣ мешаванд.

Вай дар идома афзуд, далилҳои мо нишон медиҳад, ки ин ҷиноят бо огоҳӣ ва назорати масъулони Саудӣ, сурат гирифта ва онҳо монеи таҳқиқот дар ин хусус мешаванд.

Каламард таъкид кард, идома ёфтани мухолифати мақомоти Саудӣ бо нишон додани макони ихтифои ҷасади Хошуқҷӣ, баёнгари набуди виҷдон аст ва мо ҳеҷ ҳамкорӣ аз сӯи мақомоти Саудӣ дарёфт накардаем. Сервиси иттилооти марказии Амрико низ бо мо ҳамкорӣ намекунад.

Парвандаи террори Ҷамол Хошқуҷӣ дар сояи заду бандҳои мақомоти Саудӣ бо бархе кишварҳо, сарнавишти номаълуме пайдо кардааст.