Март 03, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Русия парвандаи Скрипалро ҳиллагирии Бритониё хонд

Сафорати Русия дар Лондон пинҳонкории Бритониёро дар парвандаи масмумияти ҷосуси собиқи рус нишонаи ин хонд, ки ин кишвар ба ҳуққабозӣ ва ҳиллагирӣ алайҳи Маскав рӯй овардааст.

Ба гузориш ИРНА, сафорати Русия дар Лондон дар баёнияе эълом кард, аз замони масмумияти Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус дар Бритониё бо маводе, ки Лондон муддаӣ аст, маводи кимиёии низомӣ буд, ҳудуди як сол мегузарад, аммо давлати Бритониё натоиҷи таҳқиқот дар ин бораро мунташир намекунад ва мегӯяд, таҳқиқот идома дорад. Дар ин баёния омадааст, ахбори мутазоди расонаҳои Бритониё дар бораи парвандаи Скрипал назарияи пинҳонкорӣ ва фиреби давлати Бритонияро дар ин парванда тақвият мекунад.

Равобити Бритониё ва Русия пас аз моҷарои масмумияти Скрипал ва духтараш дар марти соли 2018 дар шаҳри Солсбери, ҷануби Бритониё муташанниҷ шуд. Давлати Бритониё Маскавро омили масмумияти Скрипал муаррифӣ ва бар ҳамин асос 23 дипломати русро ихроҷ кард. Ҳудуди 30 кишвар, аз ҷумла Амрико низ ҳамоҳанг бо Лондон мавзеи мушобеҳе иттихоз карданд. Бо ин ҳол, Русия ҳар гуна дахолат дар ин моҷароро рад ва Бритониёро ба пинҳонкорӣ ва тахриби амдии равобити ду кишвар муттаҳам кард. Мақомоти Русия таъкид кардаанд, давлати Бритониё масъули масмумияти Скрипал ва духтараш дар ҷануби ин кишвар ҳастанд.

 

Барчасп