Март 05, 2019 17:18 Asia/Dushanbe
  • Сабти се миллион ҳамлаи сайберии Амрико алайҳи Русия

Сафири Русия дар Амрико эълом кард, ки кишвараш се миллион мавриди ҳамлаи сайберӣ аз хоки Амрико саб кардааст.

Ба нақл аз Спутник, Анатолӣ Антонов рӯзи душанбе дар маркази Эстимсони Вашингтон гуфт. Маскав се миллион мавриди ҳамла ба нишониҳои интернетӣ (IP)-и Русия аз хоки Амрико сабт кардааст.

Ҳерберт Мак Местер мушовири пешини Амнияти миллии Амрико пештар гуфта буд Вашингтон гуфтугӯҳо бо Русияро дар бораи амнияти сайберӣ оғоз  хоҳад кард; машрут бар ин ки русҳо барои таваққуфи ҳамлаҳои сайберӣ ҷиддӣ бошанд.

Ҳамкории Русия ва Амрико дар заминаи амнияти сайберӣ аз соли 2009 то соли 2013 густариш пайдо кард, аммо аз соли 2014 ба дунболи буҳрони Украина, матраҳ шудани иддаои мудохилаи Маскав дар ин буҳрон ва изофа шудани нимаҷазираи Қрим ба хоки Русия ҳамкории ду кишвар ба ҳолати таълиқ даромадааст.

 

Барчасп