Ҳимояти ҷамъе аз яҳудиён аз намояндаи мусалмони Амрико
Ҷамъе аз яҳудиёни муқими Амрико ҳимояти худро аз Илҳон Умар узви мусалмони конгираи Амрико ба далели интиқод аз сиёсатҳои Вашингтон дар баробари режими саҳюнистӣ эълом карданд.
Ба гузориши ИРНО, ҷамъе аз яҳудиёни муқими Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузур дар дафтари Рашида Толиб намояндаи фаластиниул асли маҷлиси Амрико, аз Илҳон Умар дар интиқод аз режими саҳюнистӣ ва сиёсати Вашингтон дар баробари ин режим ҳимоят карданд.
Ариел Голд фаоли сулҳталаби узви гуруҳи "Код Пинк" бо таъкид бар лозим будани тағйири сиёсатҳои Амрико дар баробари режими саҳюнистӣ гуфт, бояд мардумро ба сарзаминҳои ишғолӣ бурд то бо чашми худ вазъияти онҷоро бубинанд, ҳайратовар аст.
Ин фаоли яҳудӣ ва мудофеъи ҳуқуқи фаластиниҳо афзуд, бояд фаластиниҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ матраҳ кард ва аз тамоми номзадҳои интихоботи 2020 дар Амрико пурсид, ки чаро мо беш аз се миллиард доллар дар сол ба режиме медиҳем, ки ингуна ҳуқуқи башарро поймолсозӣ мекунад?
Бархе аз намояндагони ҷумҳурихоҳ ва ҳатто ҳамҳизбиҳои Илҳон Умар дар ҳизби демократ аз ҳамон ибтидои роҳёбии вай ба конгираи Амрико нисбат ба мавзеъҳои зиддисаҳюнистии Илҳон Умар ҷабҳагирӣ карданд.
Илҳон Умар борҳо дар суханрониҳои худ дар бораи нуфузи густардаи саҳюнистҳо дар ҳайъати ҳокимаи Амрико интиқод кардааст.
Узви мусалмони конгираи Амрико нақши лобигарони саҳюнист дар сиёсати Амрикоро мухарриб дониста ва гуфта буд, ки ин лобиҳо ба аъзои конгира пул медиҳанд, то аз режими саҳюнистӣ дифоъ кунанд.