Март 07, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани се нафар дар инфиҷорҳои имрӯзи Кобул

Инфиҷорҳои террористӣ дар маҳалли баргузории маросими солгарди шаҳодати Абдулалӣ Мазорӣ, раҳбари фақиди ҳизби Ваҳдати исломии Афғонистон дар Кобул, токунун се кушта ва 16 захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши Евронюз, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, номзади раёсатҷумҳурӣ ва мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон аз захмӣ шудагони инфиҷорҳои террористии рӯзи панҷшанбе дар ғарби Кобул аст.

Дар маросими солрӯзи шаҳодати Абдулалӣ Мазорӣ дар Кобул садҳо нафар аз ҷумла мақомоти сиёсӣ ҳамчун Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ва бархе дигар аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ояндаи ин кишвар ширкат доштанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳанӯз омори дақиқе аз куштаҳо ва захмиҳои ин инфиҷорҳо мунташир нашудааст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷорҳои маросими солрӯзи шаҳодати Абдулалӣ Мазориро бар ӯҳда гирифт.

 

Барчасп