Суқути ҳавопаймои мусофирбари Ҳабашистон ва кушта шудани 157 сарнишини он
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42326-Суқути_ҳавопаймои_мусофирбари_Ҳабашистон_ва_кушта_шудани_157_сарнишини_он
Сухангӯи хутути ҳавоии Ҳабашистон эълом кард, ки ин ҳавопаймо ҳомили 149 мусофир ва ҳашт хадамаи парвоз будааст. Ҳамчунин замони дақиқи ҳодиса соати 8:44 эълом шудааст. Иллати суқути ҳавопаймо ва шумори талафоти ин ҳодиса, ки субҳи имрӯз рух дода, ҳанӯз мушаххас нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 10, 2019 13:39 Asia/Dushanbe
  • Суқути ҳавопаймои мусофирбари Ҳабашистон ва кушта шудани 157 сарнишини он

Сухангӯи хутути ҳавоии Ҳабашистон эълом кард, ки ин ҳавопаймо ҳомили 149 мусофир ва ҳашт хадамаи парвоз будааст. Ҳамчунин замони дақиқи ҳодиса соати 8:44 эълом шудааст. Иллати суқути ҳавопаймо ва шумори талафоти ин ҳодиса, ки субҳи имрӯз рух дода, ҳанӯз мушаххас нест.

Дафтари нахуствазири Ҳабашистон аз суқути як ҳавопаймои мусофирбарӣ ва эҳтимоли кушта шудани теъдоде аз сарнишинони он хабар дод.

Бинобар эъломи дафтари нахуствазири Ҳабашистон, як ҳавопаймои “Боинг-737” дар ҳини парвоз ба Нейробӣ, пойтахти Кения дучори ҳодиса шудааст. Сухангӯи хутути ҳавоии Ҳабашистон низ эълом кард, ки ин ҳавопаймо ҳомили 149 мусофир ва ҳашт хадамаи парвоз будааст. Ҳамчунин замони дақиқи ҳодиса соати 8:44 эълом шудааст.

Бинобар гузориши “Алҷазира”, иллати суқути ҳавопаймо ва шумори талафоти ин ҳодиса, ки субҳи имрӯз рух дода, ҳанӯз мушаххас нест. Ҳамчунин тибқи эъломи хабаргузории “Рейтерз”, ин ҳавопаймо дар 62-километрии ҷанубу шарқи Адис-Абабе, пойтахти Ҳабашистон суқут кардааст.