Пешбинии коҳиши рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i424-Пешбинии_коҳиши_рушди_иқтисодӣ_дар_ҷаҳон
Сандуқи Байналмилалии Пул пешбинияшро дар бораи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли кунунӣ ва оянда тағйир дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 20, 2016 14:06 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон

Сандуқи Байналмилалии Пул пешбинияшро дар бораи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли кунунӣ ва оянда тағйир дод.

Пойгоҳи интерентии Сандуқи Байналмилалии Пул гузориш дод, аз он ҷо, ки раъйи ғайриқобили пешбинии Англия дар бораи хурӯҷ аз Иттиҳоди Урупо мавҷе аз билотаклифиро бо вуҷуди вазъияти шиканандаи эътимоди масрафкунанда ва бозаргонӣ ба вуҷуд овардааст, Сандуқи Байналмилалии Пул пешбинии худро дар бораи рушди иқтисодии ҷаҳон дар соли кунунӣ ва оянда коҳиш додааст. Дар ин гузориш омадааст, раъйи Англия ба хориҷ шудан аз Иттиҳоди Урупо ба маънои афзоиши қобили таваҷҷуҳи билотаклифиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва қонуние аст, ки паёмадҳои манфӣ ба иқтисоди калон, бавижа дар иқтисодҳои пешрафтаи Урупо хоҳад дошт. Дар ин гузориш, ки дирӯз мунташир шудааст, омадааст, иқтисоди Англия ва Урупо бештарин садамаро аз ҳамапурсии Англия дар 23-юми июн мутаҳаммил мешавад. Бар асоси ин гузориш, иқтисоди ҷаҳон имсол 3,1 ва соли оянда 3,4 дарсад рушд хоҳад дошт.

Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузориши худ дар бораи рушди иқтисодии минтақаи евро дар соли кунунӣ пешбинӣ кардааст, рушди иқтисодӣ бо аз даҳ як ҳиссаи афзоиш ба 1,6 дарсад мерасад, аммо пешбинии ин сандуқ дар бораи рушди иқтисодии ин минтақа дар  соли оянда бо 0,2 дарсад коҳиш 1,4 дарсад эълом шудааст.

Гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул дар шароите мунташир мешавад, ки Британия ҳанӯз музокиротро барои хурӯҷ аз Иттиҳоди Урупо оғоз накардааст. Пеш аз ин низ ниҳодҳои пулии байналмилалӣ ҳушдор дода буданд, дар сурати хурӯҷи Британия аз Иттиҳоди Урупо рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон коҳиш меёбад.

Ба ҳам хӯрдани шароити сиёсӣ ва номушаххас будани равобити сиёсию иқтисодии Британия бо кишварҳои узви Иттиҳоди Урупо муҳимтарин далоили афзоиши танишҳои иқтисодӣ ва таъсири он ба бозор аст. Бархе коршиносон мӯътақиданд, дар сурате ки Лондон ва шаркони урупоии Англия дар бораи афзоиши қобили таваҷҷуҳи мавонеи иқтисодӣ ва гумрукӣ ва ҳалли мушкилоту чигунагии додугирифт ба тавофуқ нарасанд, вахомати шароити иқтисодӣ зиёд мегардад. Илова бар мавзӯи Англия идомаи муҳоҷирати паноҳҷӯён ба Урупо ва танишҳои ношӣ аз он аз як сӯ ва аз сӯйи дигар афзоиши фаъолиятҳои террористӣ, таҳдидоти ношӣ аз он, бавижа ҳаводиси Фаронса мавзӯи дигарест, ки шароитро дар ин кишварҳо сахт кардааст. Дар ҳоли ҳозир бисёре аз кишварҳои ин иттиҳод бо мушкилоти иқтисодии фаровоне рӯ ба рӯ ҳастанд. Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, Италия, Испания ва Юнон дар ҳоли ҳозир бо буҳрони иқтисодию бекорӣ ва таварруми боло рӯ ба рӯ ҳастанд. Ахиран, сиёсатҳои риёзати иқтисодӣ дар бархе кишварҳо, чун Юнон норизоиятиҳои умумӣ ва мушкилоти иқтисодиро ташдид кард. Аз сӯйи дигар пешбинии Сандуқи Байналмилалии Пул дар мавриди Африқо низ ҳокӣ аз рукуду коҳиши рушди иқтисодӣ аст.

Бо вуҷуди ин ки бисёре аз коршиносон пешрафтҳои иқтисодӣ ва тавсеаи бархе аз кишварҳои африқоиро дар ростои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва кӯмак ба беҳбуди шароит унвон мекарданд, афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротию террористӣ, хушунату ҷанг дар минтақа, тағйироти обу ҳаво ва вуқӯи хушксолӣ, коҳиши қимати нафт ва коҳиши даромади кишварҳои тавлидкунандаи нафти ин минтақа, чун Нигерия сабаб шудааст, ин бахш низ бо коҳиши рушди иқтисодӣ ва мушкилоти ношӣ аз он чун буҳрони бекорӣ ва фақр рӯ ба рӯ шавад. Дар ин шароит ба назар мерасад, иқтисоди ҷаҳонӣ барои рушду тавсеа, ки "армуғон"-и он коҳиши бекорӣ, фақр ва афзоиши сатҳи рифоҳи зиндагӣ аст, беш аз ҳар чиз ба барқарорсозии амнияту сулҳ дар ҷаҳон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ростои аҳдофи сулҳи ҷаҳонӣ ниёз дорад.