Март 16, 2019 12:21 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти нахуствазири Зелландияи Нав дар бораи муҳоҷими шаҳри Крейстчерч

Нахуствазири Зелландияи Нав эълом кард, муҳоҷими шаҳри Крейстчерч муҷаввизи ҳамли силоҳ дошт.

Ба гузориши ИРНА, Ҷасинда Ардерн субҳи имрӯз (шанбе) бо ширкат дар нишасти хабарӣ гуфт, мазнуни аслии ҳамла ба ду масҷид дар Крейстчерч, аз муҳимтарин шаҳрҳои Зелландияи Нав, аз панҷ силоҳ, азҷумла анвои нимахудкор истифода карда буд.

Вай бо баёни ин ки муҳоҷим дар соли 2017 муҷаввизи ҳамли силоҳ гирифта буд, гуфт, вай аз ҳамон замон ба тадриҷ иқдом ба захирасозии силоҳ ва муҳиммот карда буд.

Нахуствазири Зелландияи Нав ҳамчунин гуфт, мазнун узви ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотии ин кишвар набудааст.

Муттаҳами аслии ҳамла ба масҷид дар Зелландияи Нав як марди бистуҳаштсолаи австралияӣ, бо табори англисӣ эълом шудааст, ки пештар борҳо дар сафаҳоти маҷозии худ аз ҳузури муҳоҷирони мусалмон дар сарзаминҳои аврупоӣ ибрози хашм карда буд.

Бомдоди дирӯз, афроде ба ду масҷид дар шаҳри Крейстчерч дар Зелландияи Нав, мардум ва намозгузоронро ба гулӯла бастанд , ки дастикам 49 нафар кушта ва 50 захмӣ барҷой гузошт.

Ин иқдоми нажодпарастона маҳкумияти сарони бисёре аз кишварҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷаҳонро ба дунбол дошт.

 

 

Барчасп