84 куштаву захмӣ бар асари тирандозӣ дар Амрико
Март 17, 2019 19:21 Asia/Dushanbe
Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико 84 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи якшанбе эълом кард, дар 68 мавриди тирандозӣ тайи 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар 28 нафар кушта ва 56 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бар асоси ин гузориш, бештари ин тирандозиҳо дар иёлатҳои Массачусеттс, Флорида, Нюҷерси, Иллинойс, Техас, Каролинаи Шимолӣ, Теннесси, Мичиган, Луизиана, Оҳайо ва Вирҷинё рух додааст.
Дар ҳамин ҳол, дар 48 соати гузашта 175 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст.
Солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар нуқоти мухталифи Амрико кушта ё захмӣ мешаванд.
Барчасп