Март 18, 2019 14:23 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Фаронса: Тадобири ҷадид барои муқобила бо

Нахуствазири Фаронса, аз ироаи тарҳе барои иттихози тадобири амниятии ҷадид барои муқобила бо тазоҳуроти зидди сармоядорӣ дар Фаронса мавсум ба "ҷалиқазардҳо"(зардпушон) дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Рейтерз, Edouard Philippe, нахуствазири Фаронса дар баёнияе эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба нишасти амниятии вазирони кобина ва ташдиди эътирози “ҷилиқазардҳо” дар ин кишвар, вай рӯзи душанбе қарор аст, тарҳе барои иттихози тадобири амниятии ҷадид барои муқобила бо эътирозот ироа кунад.

Дар идомаи баёнияи дафтари нахуствазири Фаронса омадааст, даргириҳо ва хушунатҳои ахир нишон дод, ки тадобир ва тартиботи амниятӣ, нокофӣ ҳастанд.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ зимни ибрози хашм аз тазоҳуроти рӯзи шанбеи “ҷилиқазардҳо”, ширкаткунандагон дар ин тазоҳуротро ҷинояткор тавсиф кард.

Эътирозоти зидди сармоядорӣ дар Фаронса мавсум ба "ҷалиқазардҳо" дар ҳоле шанбе (16 март) вориди 18-умин ҳафтаи худ шуд, ки расонаҳои фаронсавӣ онро хушунатомезтар аз шанбеҳои гузашта гузориш доданд.

Ҳамчунин 192 нафар дар ҷараёни даргирӣ байни нерӯҳои пулис ва мӯътаризон дар тазоҳуроти Порис, боздошт шуданд.

Хиёбонҳои Порис ва шаҳрҳои мухталифи Фаронса, аз авосити ноябри 2018 саҳнаи даргирии хушунатбори нерӯҳои пулис ва мӯътаризони фаронсавӣ аст.

Эътирозҳо ибтидо дар вокуниш ба сиёсатҳои иқтисодии Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса бавижа дар ҳавзаи сӯхт ва молиёт оғоз шуд, аммо ба суръат ҷанбаи сиёсӣ пайдо кард.

 

Барчасп