Март 20, 2019 20:17 Asia/Dushanbe
  • Як ширкати фаронсавӣ ба ҳимоят аз ДИИШ муттаҳам шуд

Як ширкати фаронсавӣ дар шикояте ба фуруши маводи авалияи сохти муҳиммот барои гуруҳи террористии ДИИШ муттаҳам шуд.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Русия-Алявм, мақомҳои қазоии Фаронса  эълом карданд, тибқи ин шикоят ширкати Тереос(Tereos)-и Фаронса ба гуруҳи террористии ДИИШ, моддаи сурбитол фурухтааст, ки аз он метавон дар тавлиди сухти мушакҳои ғайриҳидоятшаванда истифода кард.

Дар ин шикоят омадааст, пас аз озодсозии Мусили Ироқ дар соли 2016 як анбори мутаъаллиқ ба террористҳои ДИИШ кашф шуд, ки дар он даҳҳо киса аз моддаи сурбитол бо нишони ширкати Тереос Франс нигаҳдорӣ мешуд.

Тереос Франс  муттаҳам шуда, ки дар соли 2017 низ ду бор ба террористҳои Сурия моддаи сурбитол ирсол кардааст.

Бисёре аз ширкатҳои аврупоӣ аз ҷумла Фаронса ба ҳамкорӣ ва доду ситад бо гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ бо аҳдофи судҷуёна мутаҳҳам ҳастанд.

 

Барчасп