Март 23, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Беҳурматӣ ба Қуръони карим дар Дания

Раҳбари як ҳизби ростгаро дар Дания, дар иқдоме исломҳаросона, як ҷилд Қуръони каримро муқобили парлумони ин кишвар оташ зад.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолии Туркия, дар рӯзе, ки шуморе аз мусалмонони Дания барои маҳкумияти ҷинояти ахир дар Зеландияи нав ва эъломи ҳамбастагӣ бо бозмондагони ин ҳодисаи террористӣ дар иқдоме намодин намози зуҳри ҷумъаро муқобили парлумони ин  кишвар дар Копенгаген  иқома карданд, Расмос Палудан раҳбари ҳизби рости ифротии мавсум ба Страм Курс дар иқдоме таҳрикомез як нусха аз Қуръони каримро ба оташ кашид.

Бар асоси ин гузориш дар фосилаи 100 метрӣ аз майдоне, ки мусалмонони данияӣ машғули хондани намоз буданд шуморе аз тарафдорони ин ҳизб бо сардодани шиъор ва эҷоди сару садо даст ба иқдоме таҳрикомез ва тахриби ҷави мавҷуд заданд.

Террористҳои мусаллаҳ рӯзи ҷумъа 15 март бо вуруд ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи нав ба самти намозгузорон оташ гушуданд, ки дар ин ҷинояти ҳавлнок 50 намозгузор қурбонӣ ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

Токунун бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байнамиллаӣ ин ҷинояти ваҳшиёнаро маҳкум кардаанд.

 

Барчасп