Март 25, 2019 09:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Русия

Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз тарафи шаҳрдори Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагони ақвоми бумӣ ва муҳоҷир аз Русия ва дигар кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аз ҷумла Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон, Афғонистон, Ҳндустон ва ҳамчунин устонҳо ва ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия рӯзи якшанбе бо ҳузур дар шаҳрдории Маскав, одоб ва фарҳанги худро дар бораи Наврӯз ба намоиш гузоштанд.

Иҷрои мусиқӣ ва барномаҳои ҳунарӣ бар асоси фарҳанг ва русуми Наврӯзии ақвом ва кишварҳои ширкаткунанда, аз дигар барномаҳои ҷашни бузурги Наврӯз дар Маскав буд.

Иди Наврӯз, ки ҷашне бо решаи эронӣ аст дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад, аммо дар 9 кишвари Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин номи «Наврӯз» дар тақвими расмиашон таътил аст.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали 2010 бо тасвиби қатъномае, рӯзи 21 мартро дар чорчӯби модаи 49-и маншури Созмони Милали Муттаҳид ва таҳти унвони фарҳанги сулҳ ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» номгузорӣ кард.

 

Барчасп