Оташ кушодани нерӯҳои марзии Ҳинд ва Покистон ба рӯйи якдигар
Нерӯҳои марзии Ҳинд ва Покистон дар хати контроли Кашмир ба рӯйи якдигар оташ кушоданд.
Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, оташи сангин миёни нерӯҳои марзии ин кишвар бо нерӯҳои покистонӣ дар хати контроли Кашмир, дар бахши Раҷури, ки аз рӯзи гузашта оғоз шуд, ҳамчунон идома дорад.
Дар баёнияи Вазорати дифои Ҳинд омадааст, тирандозӣ бо силоҳҳои сангин ва истифода аз хумпора тавассути нерӯҳои покистонӣ оғоз шуд ва нерӯҳои ҳиндӣ низ дар вокуниши мутақобил мавозеи Покистонро ҳадаф қарор доданд, ки аз мизони талафоти эҳтимолии ин ҳамалот гузорише мухобира нашудааст.
Ҳинд ва Покистон ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас ва ҳимоят аз терроризм муттаҳам мекунанд.