Март 28, 2019 19:08 Asia/Dushanbe
  • Ифшои муҷаввизҳои маҳрамонаи фурӯши фановарии ҳастаии Амрико ба саудиҳо

Бар асоси як санади ифшошуда, Амрико 6 муҷаввизи маҳрамонаи фурӯши фановарии ҳастаӣ ба режими Саудиро содир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, Рик Пери вазири энержии Амрико ин шаш муҷаввизи маҳрамона ба ширкатҳои амрикоӣ барои фурӯши фановарии ҳастаӣ ва кумак ба Арабистони Саудӣ дар ин заминаро таъйид кардааст.

Ин хабаргузорӣ моҳи гузашта низ гузориши ҷадиде аз намояндагони демократ дар конгресси Амрико фош кард, ки шуморе аз мақомҳои феълӣ ва собиқи давлати ин кишвар бо вуҷуди мухолифатҳои мукаррари аъзои Шӯрои амнияти миллии Амрико ва соири мақомҳои аршади Кохи Сафед, дар ҳоли талош барои фурӯши неругоҳҳои ҳастаӣ ба Арабистон ҳастанд.

Ҳерберт Мак Мастер мушовири вақти амнияти миллии Амрико яке аз афроде буд, ки бо фурӯши ин таҷҳизот ба саудиҳо мухолифат карда ва ҳамроҳ бо дигар мухолифон, бо ишора ба хатарҳои амниятии чунин муомилае, хостори қатъи музокироте шуда буд, ки дар соли 2017, ки бо ҳадафи фурӯши ин фановариҳо ба саудиҳо баргузор мешуд.

Сиёсатмадорон ва қонунгузорони амрикоӣ нигаронанд, ки бетаваҷҷӯҳии Кохи Сафед ба бадаҳдии эҳтимолии Риёз дар баробари тазминҳо ва тааҳҳудоти амниятии муртабит бо бозпарозиши партовҳои ҳастаӣ, баъдҳо ба таҳдиде ҷиддӣ алайҳи амнияти миллии Амрико табдил шавад.