Март 31, 2019 12:08 Asia/Dushanbe
  • Талафот ва хисороти селоб дар 23 вилояти Афғонистон

Бориши шадиди борон ва селоб дар 23 вилояти Афғонистон талафот ва хисороти зиёде ба бор овардааст.

Ба гузориши хабаргузории ОВО, селоб дар аксари вилоёт аз ҷумла Ҳирот, Бодғис, Форёб, Ҷузҷон, Сарипул ва Балх, ки аз авохири ҳафтаи гузашта оғоз шуда буд ва то рӯзи ҷумъа идома дошт, даҳҳо кушта бар ҷой гузошт. Даҳҳо нафари дигар низ захмӣ ва ё нопадид шудаанд.

Дар пайи ин селоб ба ҳазорон гектар замин, даҳҳо пул ва ҳазорон манзили маскунӣ осеб ворид шуд ва садҳо манзили маскунӣ ҳам вайрон шуданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроии давлати Ваҳдати милли Афғонистон бо осебдидагони селоб ибрози ҳамдардӣ кард ва аз мардум ва ниҳодҳои давлатӣ хост ба ёрии селзадагон бишитобанд.

Вай афзуд осебдидагон аз селоб ба кумакҳои аввалия шомили маводи ғизоӣ, пӯшок ва дору ниёзманд ҳастанд.