Қонуни осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия иҷроӣ шуд
Қонуни осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия, ки се моҳ қабл раиси ҷумҳурии ин кишвар имзо карда буд, аз 30 марти имсол иҷроӣ шуд.
Ба гузориши сомонаи Фарғона, ин қонун муқаррароти қаблӣ дар заминаи ҳатмӣ будани панҷ соли иқомат дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандии ин кишварро лағв мекунад.
Акнун барои шаҳрвандони хориҷии довталаби дарёфти шаҳрвандии Русия барои баррасии дархости онон шаш моҳ замон таъйин шудааст, ки ин муддат барои шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба унвони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё се моҳ мебошад.
Дар соли 2018 Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Русия гузориши дурнамои муҳоҷират дар ин кишвар барои 20 соли ояндаро ироа кард.
Дар ин гузориш бо ишора ба коҳиши ҷамъияти Русия таъкид шудааст, ки барои таъмини рушди ҷамъияти ин кишвар солиёна бояд 250 то 300 ҳазор нафар изофа шаванд, ки танҳо аз ҳисоби додани шаҳрвандӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ имконпазир мебошад.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори Вазорати кишвари Русия дар соли 2018 тоҷикон пас аз украиниҳо ва қазоқҳо дар ҷойгоҳи севуми дарёфти шаҳрвандии Русия қарор гирифтаанд.
Дар соли 2018 наздик ба 270 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки 35 ҳазору 700 нафар аз онон тоҷик ҳастанд.
Аз сӯи дигар ба далели набуди ҷойи кори муносиб бо ҳуқуқи кофӣ дар Тоҷикистон ҳазорон тоҷик барои рафтан ба Русия дар сафорти ин кишвар дар Душанбе сабти ном кардаанд.