Апрел 01, 2019 18:02 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Фаронса: Занони дииширо роҳ намедиҳем

Вазири умури хориҷаи Фаронса гуфт, занони диишии шаҳрванди Фаронса, ки дар ҷанги Сурия ва Ироқ ширкат доштаанд, “ҷангҷӯ” ҳастанд ва иҷозаи бозгашт ба кишварро надоранд.

Ба гузориши “Спутник”, Жан – Ив Ле Дриан ошкоро бо дархостҳо барои мувофиқат бо бозгашти занони фаронсавии узви ДИИШ ба кишвар мухолифат кард ва гуфт, ин занони “ҷангҷӯ” ҳастанд ва аз ин рӯ бояд бо онҳо ба ҳамин тартиб рафтор шавад.

Ле Дриан гуфт, ҳеҷ гуна гузинае барои бозгашти аъзои ДИИШ ба кишвар, азҷумла занони диишӣ вуҷуд надорад, зеро онҳо “душманон” - ин кишвари аврупоӣ ҳастанд.

Вай афзуд, шаҳрванди фаронсавӣ, чӣ зан ва чӣ мард, ки дар сафи ДИИШ алайҳи Фаронса ҷангидааст, душман аст ва бояд дар маҳалли ҷурми худ, бавижа дар Ироқ ва Сурия додгоҳӣ ва муҳокима шавад.

Ле Дриан дар бораи фарзандони занони диишӣ низ гуфт, парвандаи онҳо ба таври инфиродӣ ва бо таваҷҷуҳ ба вазъияти модаронашон баррасӣ мешавад.

Тибқи эъломи Вазорати умури дохилии Фаронса, ҳудуди 500 кӯдак аз шаҳрвандони фаронсавӣ дар Ироқ ва Сурия мутаваллид шудаанд, ки 100 нафар аз онҳо аз соли 2015 то кунун бозгардонда шуда ва бархе аз онҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Маҳалли нигаҳдорӣ ва сарнавишти 200 то 300 кӯдак ҳанӯз маълум нест.

 

Барчасп