Нигаронӣ дар бораи афзоиши бемории сил дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i42828-Нигаронӣ_дар_бораи_афзоиши_бемории_сил_дар_Афғонистон
Вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон аз афзоиши шумори беморони мубтало ба бемории сил дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 01, 2019 19:22 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ дар бораи афзоиши бемории сил дар Афғонистон

Вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон аз афзоиши шумори беморони мубтало ба бемории сил дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Фирӯзуддини Фирӯз рӯзи якшанбе, дар маросими Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории Сил дар Кобул гуфт, порсол 48 ҳазор маслул (бемори сил) ба марокизи дармонии Афғонистон муроҷиа карданд, ки ин омор дар муқоиса бо солҳои гузашта афзоишро нишон медиҳад.

Вай афзуд, порсол 9 ҳазор бемори мубтало ба сил ҷони худро дар Афғонистон аз даст доданд, дар ҳоле, ки маргу мири мубталоён ба бемории сил дар соли 2004 –и мелодӣ дар кишвар 23 ҳазор нафар буд.

Вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон ҳамкории созмонҳои байналмилалиро барои решакан кардани бемории сил хостор шуд ва гуфт, бидуни ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ наметавон ин бемориро то соли 2030 мелодӣ дар Афғонистон решакан кард.

Аз сӯйи дигар, Идораи маркази омори Афғонистон дар тозатарин таҳқиқоти худ эълом кард, бар асоси иттилооти бадастомада, 17 миллиону 900 ҳазор нафар, яъне беш аз ниме аз мардуми ин кишвар бо фақри мутлақ даступанҷа нарм мекунанд.

Ҳабибуллоҳи Муваҳҳид, муовини фаннии идораи маркази омори Афғонистон рӯзи якшанбе дар нишасте дар Кобул гуфт, натоиҷи баррасии тозаи ин идора аз вазъияти фақр нишон медиҳад, ки мизони фақр дар шаҳрҳо 18 дарсад, дар рустоҳо 61 дарсад ва байни ашоиру қавмҳо ба 89 дарсад мерасад.