Апрел 06, 2019 12:05 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таниши марзӣ байни Покистон ва Ҳинд бо 5 кушта

Идомаи даргирии марзӣ байни Покистон ва Ҳинд бо табодули оташ байни нерӯҳои марзии ду кишвар бори дигар оғоз шуд, ки беш аз 5 кушта бар ҷой гузоштааст.

Идомаи даргирии марзӣ байни Покистон ва Ҳинд бо табодули оташ байни нерӯҳои марзии ду кишвар бори дигар оғоз шуд, ки беш аз 5 кушта бар ҷой гузоштааст.

Имрӯз, шанбе нерӯҳои марзи Покистон бо тӯп марзи Ҳиндро ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он дастикам 5 сарбози ҳиндӣ кушта шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки нерӯҳои марзии Ҳинд манотиқи мухталифи марзи Покистон, азҷумла рустои Сирёнро ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он 6 нафар аз рустоиён захмӣ шуданд.

Аз замони оғози муҷаддади даргирии марзӣ байни Покистон ва Ҳинд, ки бо соқит шудани ҷангандаҳои ҳиндӣ ба авҷи худ расид, беш аз 4 марзбони покистонӣ ва 7 сарбози ҳиндӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Чанде пеш ҷангандаҳои артиши Ҳинд бо нақзи ҳарими ҳавоии Покистон муддаӣ шуданд, ки шибҳинизомиёни Ҷайши Муҳаммадро, ки алайҳи низомиёни ҳиндӣ дар Кашмир вориди амал мешаванд, ҳадаф қарор додаанд.

Покистон бо радди ин иддао ду ҷангандаи ҳиндиро ҳадаф қарор дод ва яке аз халабонони ин ҷангандаҳоро зинда дастгир ва баъд аз муддате озод кард.

Бештари коршиносон бар ин боваранд, ки давлати Ҳинд баъд аз нокомӣ дар арсаи сиёсӣ саъй дорад ин шикастро бо ҷанг алайҳи Покистон ҷуброн ва дар интихоботи оянда ба пирӯзӣ бирасад.

 

Барчасп