Бунёнгузори “Wikileaks” дар Лондон боздошт шуд
(last modified Thu, 11 Apr 2019 11:55:49 GMT )
Апрел 11, 2019 16:55 Asia/Dushanbe
  • Бунёнгузори “Wikileaks” дар Лондон боздошт шуд

Манобеи англисӣ рӯзи панҷшанбе аз боздошти Ҷулиан Ассанж, бунёнгузори сойти ифшогари “Wikileaks” тавассути пулиси Лондон хабар доданд, ки 7 сол аст дар сафорати Эквадор дар Англия паноҳанда шудааст.

Пулиси Лондон Ассанжро дар сафорати Эквадор дастгир ва билофосила ба боздоштгоҳ мунтақил кард. Ба гуфтаи манобеи англисӣ ӯ қарор аст ба зуддӣ дар додгоҳ ҳозир шавад. Пулиси метрополитин эълом кард, ки дар пайи лағви паноҳндагии Ассанж аз сӯи давлати Эквадор, маъмурони пулис ба изни сафири ин кишвар дохили сафорат шуда ва ӯро дастгир карданд. Ҷулиан Ассанжи 47 сола аз соли 2012 дар сафорати Эквадор дар Англия дар шароити паноҳндагӣ басар мебарад. Вай, ки аз сӯи дастгоҳи қазоии Шветсия ба озори ҷинсӣ муттаҳам аст, тавониста буд тобеияти Эквадорро бадаст оварад.

“Wikileaks” ҳафта гузашта бо истинод ба изҳороти як мақоми баландпоя эълом кард, Ассанж эҳтимолан байни чанд соат то чанд рӯзи дигар аз ин сафоратхона ихроҷ мешавад. Бар асоси паёми мунташиршуда дар “Твиттер”-и “Wikileaks”, давлати Эквадор ва Англия дар бораи боздошти Ассанж ба тавофуқ расидаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки сатҳи хадамоти сафорати Эквадор ба Ассанж дар моҳҳои ахир ба шиддат коҳишёфтааст, аз ҷумла ин ки дастрасии Ассанж аз фарвардини гузашта ба интернет қатъшуда ва “Wikileaks” ба иҷбор сардабири ҷадидеро ба сурати муваққат ҷойгузин кардааст. Ин рӯйдод ҳамчунин бо вокунишҳои мақомҳои англисӣ мувоҷеҳ шудааст. Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷаи Англия бо интишори паёме дар “Твиттер” навишт: Ассанж қаҳрамон набуд ва қудрати ҳеҷ кас болотар аз қонун нест. Вай бо баёни инки Ассанж дар солҳои ахир аз қонун фирор карда, аз давлати Эквадор ба далели ҳамкорӣ бо вазорати умури хориҷаи Англия барои муҳокимаи ин фаъоли австролиёи қадрдонӣ кард. Шумори дигаре аз сиёсатмадорони англисӣ низ аз тасмими давлати Эквадор тақдир кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки “Wikileaks” бо интишори баёнияе, тасмими Киторо бар хилофи қавонини байналмилалӣ хондааст.