Мамнуияти содироти нефти Русия ба Украина
(last modified Thu, 18 Apr 2019 15:17:37 GMT )
Апрел 18, 2019 20:17 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти содироти нефти Русия ба Украина

Давлати Русия содироти нефт ва маводи сӯхтиро ба Украина мамнӯъ кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар поёни нишасти имрӯз (панҷшанбе) ҳайати давлати ин кишвар гуфт, ба далели тадовуми иқдомоти хасмонаи Украина ва эъмоли маҳдудияти ин кишвар дар муровидоти иқтисодӣ, Маскав содироти анвои маводи сӯхтӣ, нефт ва муштаққоти онро ба ин кишвар мутаваққиф мекунад.

Вай афзуд, феҳрасти комили маҳсулот машмули мамнуияти содирот ба Украина, ба зуддӣ эълом хоҳад шуд ва бахше аз колоҳои зарурӣ, танҳо бо судури муҷаввизи давлат, имкони судур ба Украинаро хоҳанд дошт.

Нахуствазири Русия дар идома дар бораи иқдомоти Украина алайҳи кишвараш гуфт, Маскав бояд аз манофеи худ, дифо кунад ва иқдоми мутақобил анҷом диҳад.

Медведев ҳамчунин дар паёме дар сафҳаи “Твиттер” навишт: Аз аввали июни 2019 содироти колоҳои хосс ба Украина ниёзманди муҷаввизи вижа хоҳад буд, ки ин маҳсулот шомили сӯхт ва энержӣ аз ҷумла ангиштсанг, нефт ва фаровардаҳои нефтӣ аст.

Равобити Русия ва Украина аз соли 2014 бо кудатои ғарбгароён алайҳи давлати вақти дар Киев, тира шудааст.