Интиқоди Русия дар бораи сӯистифодаи Амрико аз доллар
(last modified Sat, 20 Apr 2019 09:24:35 GMT )
Апрел 20, 2019 14:24 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия дар бораи сӯистифодаи Амрико аз доллар

Иқдомот ва сиёсатҳои якҷонибагароёна ва зурмандонаи Амрико дар давраи раёсат ҷумҳурии Доналд Трамп, ба вижа иҷроии таҳримҳо алайҳи рақибон ва душманони Амрико ва таҳдид ба таҳрим ҳатто алайҳи муттаҳидони Вашингтон боис шуда то бисёре аз давлатҳо ва ҳатто шарикони аврупоии амрикоиҳо ба интиқод аз сӯистифодаи онҳо аз таҳримҳо ва истифода аз доллар ба унвоин абзоре барои иҷрои фишор ба дигар кишварҳо бипардозанд.

Сиёсатҳо ва иқдомоти давлати Трамп дар ин замина нақши муҳиммеро ифо карда ва бисёре аз давлатҳоро ба ин ҷамъ расонда, ки ба наҳве вобастагии худ ба системи молии Амрико ва долларро коҳиш диҳанд.

Бисёре аз кишварҳо монанди рақибон ва муттаҳидони Амрико тадбирҳо ва иқдомотеро барои канор гузоштани доллар ва истифода аз дигар арзҳо дар мубодилоти хориҷии худ дар пеш гирифтаанд.

Ин масъала муҷиби коҳиши саҳми доллар дар захираҳои пулии байналмиллалӣ ва афзоиши саҳми дигар арзҳо монанди евра шудааст.

Ба гуфтаи  Виктория Сравмберг коршиноси сиёсии Созмони Миллал бо таваҷҷуҳ ба хатароти иқтисодӣ иттико ба доллари Амрико ба унвони танҳо воҳиди захираи арзӣ, аз кишварҳо хостааст, то барои шаклгирии як воҳиди нави захираи арзӣ дар ҷаҳон талош кунанд.

Амрико аз вобастагии ширкатҳо ва бонкҳо ва системи молии байналмиллалӣ ба доллар ба унвони аҳруме барои водоштани дигарон барои пайравӣ аз хостаҳои ин кишвар ва ё мамониат аз онҳо дар пайгирии сиёсатҳо ва иқдомоте, ки мавриди дилхоҳи Вашингтон нест, сӯистифода мекунад.

Мисоли ошкори ин масъала таҳдидҳои Трамп дар бораи муҷозоти ширкатҳо ва ё муъассисоти  молӣ ва бонкҳоест, ки бо Эрон робитаи тиҷорӣ ва молӣ дошта бошанд. Ин сиёсати Трамп, ки  метавон онро сиёсати тарсондан ва иҷрои фишор алайҳи дигарон номид на фақат муҷиби интиқоди давлатҳои рақиби Амрико шуда, балки шарикони аврупоии Вашингтонро низ ба вокуниш водоштааст.

Дар ин росто Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа 19 апрел дар изҳороте нисбат ба сӯистифодаи Амрико аз доллар барои зарба задан ба кишварҳои дигар ҳушдор дод.

Вазири умури хориҷаи Русия бо баёни инки сӯистифодаи Амрико аз доллар барои зарба задан ба кишварҳои дигар дар кутоҳ муддат Амрикоро ба ҳадафҳои худ мерасонад таъкид кард, ки корбурди баланд муддати ин сиёсат ба зиёни Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд.

Ба гуфтаи Лавров, истифодаи баланд муддати Амрико аз ин сиёсат ба зиёни иқтисоди Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд чун ҳамагон пай мебаранд, ки доллар ва Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нестанд.

Бо таваҷҷуҳ ба фишорҳои таҳримии Вашингтон алайҳи Маскав, Русия токнун иқдомотеро барои ҳазфи доллар аз муомилоти хориҷии худ анҷом  додааст.

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар октябри 2018 ҳимояти худро аз тарҳи долларзудоӣ эълом кард.

Бар асоси ин тарҳ, ширкатҳои Русия бояд барои костан аз осори таҳримҳои Амрико аз арзҳои ҷойгузин монанди рубл ва евра истифода кунанд. Бархе аз кишварҳои дигар низ ҳамчун Чин ( ба сурати ҷузӣ) ва Эрон низ долларро аз муомилоти хориҷии худ ҳазф кардаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба руйкарди Амрико, акнун ба тадреҷ шоҳиди шаклгирии муқовимати ҷаҳонӣ алайҳи сиёсатҳо ва иқдомоти Вашингтон ва низ талоше барои канор гузоштани доллар ба унвони арзи мусаллати байналмиллалӣ ҳастем.

Ин кишварҳо барои коҳиши таъсири иқдомоти хасмонаи Вашингтон дар садади эҷоди низоми пардохтҳои мустақил аз доллар, канор гузоштани доллар аз мубодилоти тиҷорӣ ва истифода аз арзҳои дигар ва ё бо арзҳои миллии худ баромадаанд.

Русия ва Чин акнун парчамдори ин раванд буда ва кишварҳое монанди Ҳинд, Туркия ва Эрон низ дар ҳоли ҳозир канор гузоштани доллар аз мубодилоти хориҷии худ ҳастанд. Раванди кунунӣ боиси коҳиши истифода аз доллар ва дар натиҷа тазъифи бештари ҷойгоҳи он дар арсаи тиҷорати байналмиллалӣ ва низ мубодилоти пулии ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

 

 

Барчасп