Пешгирӣ аз ҳамлаи террористӣ дар Кобул
(last modified Mon, 22 Apr 2019 08:15:56 GMT )
Апрел 22, 2019 13:15 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ  аз ҳамлаи террористӣ дар Кобул

Вазорати кишвари Афғонистон аз кашфи як дастгоҳ худрави ҳомили маводи тарканда дар Кобул хабар дод.

Ба гузориши Садо ва Симо аз Кобул, Вазорати кишвари Афғонистон дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои амниятӣ якшанбешаб дар амалиёте, пас аз бозрасии як дасгоҳи худрав дар шаҳристони Саробӣ миқдоре силоҳ ва муҳиммот кашф ва забт карданд.

Дар ин баёния омадааст бо кашфи ин худрави бомбгузоришуда дар махфигоҳи Толибон, аз вуқуъи як ҳамлаи хунин дар Кобул пешгирӣ шуд.

Зуҳри шанбе низ 4 муҳоҷим ба сохтмони Вазорати мухобирот ва технологии Афғонистон дар Кобул ҳамла карданд, ки пас аз чанд соат даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ ҳарсе муҳоҷим кушта шуданд.

Дар ин ҳамла чаҳор ғайринизомӣ  ва се низомӣ кушта ва ҳашт ғайринизомӣ низ захмӣ шуданд. ДИИШ масулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифтааст.

Минтақаҳои мухталифи Афғонистон дар моҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамлаҳо ва таркишҳои терористӣ будааст.