Апрел 26, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  • Муфтии Либия: Ҳеҷ нуқтаи замин аз фасоди саудиҳо холӣ нест

Муфтии Либия бо баёни ин ки ҳеҷ нуқта аз кӯраи хокӣ аз фасоди Оли Сауд холӣ нест, аз мардуми кишвараш хост, дар шароити кунунӣ ба манзури ҳимоят накардан аз ин режим беш аз як бор ба ҳаҷ ва умра нараванд.

Ба гузориши пойгоҳи “Халиҷ онлайн”, Ассодиқ Алғариёнӣ дар видеое, ки фаъолони сиёсӣ онро имрӯз дар “Твиттер” мунташир карданд, хитоб ба умрагузорон ва ҳуҷҷоҷ гуфтааст: “Онҳое, ки як бор ба ҳаҷ ё умра рафтаанд, дигар шоиста нест, ҳазорон риёлро ба ҷайби ҳуккоми Саудӣ бирезанд, зеро ин режим мардуми мусалмонро дар Яману Либия ба қатл мерасонад ва ин корро дар Судон, Алҷазоир ва Тунис ҳам хоҳад кард”. Алғариёнӣ, ки муқими Истанбули Туркия аст, афзуд, ҳеҷ нуқтае дар замин вуҷуд надорад, ки ҳуккоми Саудӣ дар он ҷо бо пул худ фасод накарда бошанд.

Халифа Ҳафтар, фармондеҳи нерӯҳои мавсум ба Артиши миллии Либия аз 4 апрел пас аз сафар ба Риёзу дидор бо сарони режими Арабистон ба Тароблус, пойтахти Либия ва нерӯҳои Давлати Вифоқи Миллӣ ба раҳбарии Фоиз Ассироҷ ҳамла кардааст, ки ин ҳамла то кунун беш аз 270 кушта, 1300 захмию 35 ҳазор овора бар ҷой ниҳодааст.

 

Барчасп