Ифшогарии CNN аз шиканҷа ва эътирофоти иҷбории эъдомшудагони арабистонӣ
(last modified Sun, 28 Apr 2019 14:44:01 GMT )
Апрел 28, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии CNN аз шиканҷа ва эътирофоти иҷбории эъдомшудагони арабистонӣ

Шабакаи CNN фош кард, ки бисёре аз эъдомшудагони ахир дар Арабистон бар хилофи иддаои мақомоти саудӣ, муртакиби ҷурм нашуда буданд, балки зери шиканҷа водор ба эътироф шуданд.

Торнамои шабакаи амрикоии CNN дар гузориши ихтисосие навишт: Арабистон муддаӣ аст, ки 37 нафаре, ки 23 апрел дар ин кишвар гардан зада шуданд, ба ҷурмҳои худ эътироф кардаанд, аммо парвандаҳои додгоҳ нишон медиҳанд, ки бархе аз онон бар бегуноҳии худ исрор доштанд.

CNN афзуд: Яке аз эъдомшудагон ба номи Мунир Алодам, ки камбино ва камшунаво буд, дар ҷаласаи додгоҳ гуфта буд: Инҳо ҳарфҳои ман нест. Ман баргае нанавиштаам. Инҳоро бозпурс бо дастони худаш навиштааст.

Ба навиштаи торнамои CNN дар миёни эъдомшудагон навҷавононе будаанд, ки яке аз онҳо ба рағми мақомоти саудӣ барои ибрат гирифтани дигарон баъд аз эъдом ба салиб кашида шуд ва дар маърази дид қарор гирифт.

Эъдоми 37 нафар шаҳрванди Саудӣ мавҷе аз вокунишҳои ҷомеаи байналмилалиро дар пай дошт ва мақомоти саросари ҷаҳон ин  иқдомро маҳкум карданд.