Апрел 30, 2019 17:51 Asia/Dushanbe
  • Сафарҳои мазҳабӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон маҳдуд мешавад

Сиёвуш Наврӯзов, намояндаи Маҷлиси миллии ҷумҳурии Озарбойҷон ва аз аъзои ҳизби ҳокими “Йени Озарбойҷон” дар идомаи изҳороти қобили тааммул алайҳи диндорони шимоли Арас гуфт, ба зудӣ қонуни эҷоди маҳдудияти сафарҳои зиёратӣ ва контроли шадиди зоирони имомони маъсум (а) дар кишвар тасвиб хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин узви баландпояи ҳизби ҳокими ҷумҳурии Озарбойҷон, дар ояндаи наздик сафарҳои зиёратии шаҳрвандони озарӣ ба амокини муқаддаси шиа қонунманд хоҳад шуд.

Сиёвуш Наврӯзов ҳамчунин бо ишора ба сафари ҳарсолаи ҷамъияти азиме аз мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон ба амокини зиёратии имомони шиа (а) тасреҳ кард, дар чорчӯби қонуни ҷадид, гурӯҳҳое, ки ин сафарҳоро тадорук дида ва созмондеҳӣ мекунанд, бояд контрол шуда ва касоне ҳам, ки зоирони озарӣ дар амокини муқаддас бо онҳо тамос барқарор мекунанд, низ шиносоӣ шаванд.

Изҳороти ин намояндаи маҷлиси миллӣ ва аз ҷумлаи сиёсатмадорони наздик ба шахси раисҷумҳури Озарбойҷонро бояд ба маънои ташдиди фишорҳои давлати Боку алайҳи ақшори диндор ва муъмини ин кишвари мусулмон қаламдод кард. Ташдиди фишорҳо алайҳи диндорони озарӣ, он ҳам дар остонаи моҳи мубораки Рамазон, нишондиҳандаи умқи кина ва хусумати сиёсатмадорони ҳоким бар Боку алайҳи дини мубини Ислом ва мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ аст. Шакке нест, ки ҳадафи мақомҳои давлати Боку аз таҳқири диндорони озарӣ, тарсондан ва ба ҳошия кашонидани аксарияти мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Дар ҳоле, ки ин сиёсат ҳамвора натиҷаи баръакс барои давлати Боку ва ҳомиёни ғарбӣ ва саҳюнистиаш дар пай доштааст.

Дар ин иртибот, Ҳоҷӣ Элқор Иброҳимуғлу, раҳбари ҷамъияти динии ҷумъа ва коршиноси умури сиёсӣ ва динии ҷумҳурии Озарбойҷон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Йени мусовот”, чопи Боку, дар хусуси густариши эҳёи Ислом дар кишвар гуфтааст, омори миёнгин нишон медиҳад, ки мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон бо моҳи Рамазон зиндагӣ мекунанд ва дар ин моҳ рӯза мегиранд. Дар воқеъ, шумори афроде, ки бо авотифи исломӣ, азҷумла рӯзадории моҳи Рамазон зиндагӣ мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст.

Табиист, ки иҷрои ҳар гуна қавонини зиддидинӣ барои ақшори диндори ҷумҳурии Озарбойҷон фурсатҳое барои машварати ҳарчӣ бештар дар дини мубини Ислом ва сиёсатҳои давлати Илҳом Алиев дар дохил фароҳам мекунад. Ба ҳамин далел аст, ки бо вуҷуди фишорҳои давлати Илҳом Алиев алайҳи муъминини озарӣ, теъдоди ҷамъияти диндорон дар ҷумҳурии Озарбойҷон ҳар рӯз бештар мешавад.

Пеш аз ин низ Мубориз Қурбонли, раист Кумитаи давлатии умури ташаккулҳои динии ҷумҳурии Озарбойҷон, намоз хондан дар доншгоҳҳо ва идороти давлатиро мамнуъ эълом карда буд. Вай бо намоз хондан дар марокизи давлатӣ ва омӯзиши олии кишвар мухолифат карда ва гуфта буд, бар ҷумҳурии Озарбойҷон як давлати лоик ҳоким аст ва ба ҳамин далел наметавон дар муассисоти давлатӣ ва марокизи омӯзиши олӣ намоз хонд.

Эъмоли ин тангноҳо, маҳдудиятҳо ва фишорҳо алайҳи муъминини озарӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки беш аз 98 дарсад аз ҷамъияти даҳ миллионнафарии ҷумҳурии Озарбойҷонро мусулмонон ташкил медиҳанд ва аз ин теъдод, аксарият қариб ба иттифоқи онҳо шиаи ҷаъфарӣ ё дувоздаҳимомӣ ҳастанд.

Муруре ба сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии давлати Боку ба раҳбарии Илҳом Алиев нишон медиҳад, ки мақомҳои Боку бахши муҳиме аз сиёсатҳои зиддиисломӣ ва зиддидиниро аз саҳюнистҳо дарёфт ва дар ҷумҳурии Озарбойҷон иҷро мекунанд.