Мадуро изҳороти Пампеоро мавриди тамасхур қарор дод
Раисҷумҳури Венесуэла изҳороти вазири умури хориҷаи Амрикоро дар мавриди фирор аз Венесуэла мавриди тамасхур қарор дод.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла рӯзи сешанбе дар як суханронӣ изҳороти Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрикоро дар мавриди ин ки қасди фирор аз Венесуэла ва рафтан ба Кубаро дошт, такзиб кард.
Мадуро афзуд: “Пампео гуфтааст, Мадуро ҳавопаймои омода дар ихтиёр дорад, ки вайро ба Куба бибарад ва ин ки русҳо хуруҷи вайро аз кишвар мамнуъ кардаанд, оқои Пампео бубахшед, аммо ин ҳарф воқеан масхара аст”.
Бо шиддат гирифтани хушунатҳои ошӯбгарони венесуэлаӣ алайҳи давлати қонунии ин кишвар, мақомоти Кохи Сафед ҳимояти худро аз Хуан Гуайдо, саркардаи мухолифон ва кудаточиёни венесуэлаӣ эълом карданд ва хостори идомаи ошӯбҳо шуданд.
Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико дар паёми твиттерӣ дар вокуниш ба таҳаввулоти ахири Венесуэла навишт, аз кудаточиён ҳимоят мекунем.
Хуан Гуайдо бо интишори видеое, шӯриши мусаллаҳона дар Венесуэларо хостор шуд, аммо лаҳазоте баъд давлати Венесуэла аз дафъи кудатои кӯчак хабар дод.
Вазорати дифои Венесуэла низ дар паёме дар вокуниш ба иқдом алайҳи Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунӣ ва мунтахаби ин кишвар таъкид кард, давлат бо шӯриши гурӯҳи кучаке аз низомиёни хоин рӯ ба рӯ шудааст, ки ба дунболи кудато алайҳи қонуни асосӣ ва сулҳ дар Венесуэла ҳастанд.