Май 05, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани беш аз 50 узви гурӯҳи Толибон дар шарқи Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон эълом кард: даргирӣ байни нерӯҳои артиш ва гурӯҳи Толибон дар вилояти Ғазнӣ, 52 нафар аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикиии Садои Хуросон дар амалиёти нерӯҳои артиши Афғонистон, ки дар ноҳияҳои Андар, Қарабоғ ва Деҳяки вилояти Ғазнӣ зидди мавозеи гурӯҳи Толибон анҷом шуд, 52 нафар, аз ҷумла ду фармондеҳи аршади ин гурӯҳ ба номҳои Абухолид ва Сарҳадӣ кушта шуданд.

Гурӯҳи Толибон ҳанӯз дар бораи ин хабар вокунаше нишон надодааст.

Барчасп