Май 07, 2019 13:49 Asia/Dushanbe
  • Макрон: Русия бояд дар Шурои Аврупо боқӣ бимонад

Раиси ҷумҳури Фаронса дар дидори Дабири кулли Шурои Аврупо таъкид кард, Русия бояд дар Шурои Аврупо боқӣ бимонад.

Ба нақл аз Спутник, Эманоел Макрон дар дидори Торбиюн Ягланд Дабири кулли Шурои Аврпуо дар Париж гуфт, Шурои Аврупо ба Русия ниёз дорад, ҳамон тавр, ки русҳо ба Шурои Амният ниёз дорад.

Макрон афзуд бояд ба ҳуқуқи Русия ба унвони кишвари узви Шурои Аврупо эҳтиром гузошта шавад ва Русия низ ба навбаи худ масъулиятҳояшро дар баробари ин ниҳод анҷом диҳад.

Қарор аст Русия дар моҳи июн дар хусуси идомаи узвият дар Шурои Аврупо тасмим бигирад.

Ягланд гуфта, ки ба идомаи узвияти Русия дар Шурои Аврупо пас аз моҳи июн умедвор аст.

Ягланд муътақид аст, идомаи узвияти Русия дар Шурои Аврупо кумак мекунад, то хутути ҷудокунандаи нав дар Аврупо эҷод нашаванд.