Май 09, 2019 14:38 Asia/Dushanbe
  • Тонке, ки ба раисиҷумҳури Русия эҳдо нашуд

Як муҳоҷири тоҷик дар иқдоми ҷолибе қасд дошт, тонкеро ба раисиҷумҳури Русия эҳдо кунад.

Ба гузориши сомонаи «Тульские Новости», Муҳаммадшариф Ҷалилов, ки ба унвони наҷҷор дар шаҳри Тулаи Русия машғул ба кор аст, бо сохти тонки чӯбӣ тасмим дошт онро ба нишонаи дӯстии Тоҷикистон ва Русия ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия эҳдо кунад, ки албатта ба иллати бурузи мониаҳо ин амр ҳанӯз муҳаққақ нашудааст.

Дар гузашта низ чандин нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар иқдомҳои ҷолибе корҳои намодине барои тақдир аз Путин анҷом додаанд. Аз ин ҷумла метавон ба иншои таронае дар васфи раисиҷумҳури Русия аз сӯи Толибҷон Қурбонхонов, муҳоҷири тоҷик ишора кард, ки соли гузашта сару садои фаровоне дар расонаҳои гурӯҳӣ бапо кард.