Пешниҳоди такрории Трамп барои музокира бо Эрон
Шабакаи СИ ЭН ЭН ба нақл аз як дипламати Амрикоӣ гузориш дод,ки Кохи Сафед шумораи телефонеро дар ихтиёри Суис қарор дода то давлати Эрон битавонад бо истифода аз он бо раиси ҷумҳурии Амрико тамос бигирад.
Дар идомаи хушхиёлии Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии Амрико барои музокира бо сарони Ҷумҳурии исломии Эрон, як мақоми дипламатӣ эълом кард,ки Кохи Сафед шумораи телефонеро дар ихтиёри Суис ҳофизи манофеъи Эрон қарор дода то Теҳрон битавонад бо Вашингтон тамос бигирад.
Ин мақоми дипламатӣ дар айни ҳол гуфт; иҳтимолан Суис ин шумораро дар ихтиёри Эрон қарор намедиҳад, магар он,ки мақомҳои иронӣ ба сурати мушахас дархости дарёфти ин шумораро дошта бошанд.
Трамп шомгоҳи панҷшанбе дар як канфронси хабарӣ пешниҳоди гуфтугӯро дод ва гуфт ; коре,ки эрониҳо бояд анҷом диҳанд ин аст,ки бо ман тамос бигиранд ва ба суҳбат бинишинанд.
Раиси ҷумҳурии Амрико дар идома афзуд; метавонем мунсифона тавофуқ кунем.
Ин дар ҳоле аст,ки Трамп дар идомаи рафторҳои хасмона бо мардуми Эрон, бо судури фармони иҷроӣ, бори дигар таҳримҳоеро алайҳи бахши оҳан, пулод ва аллуминий ва миси Эрон эъмол кард.
Фармони иҷроии Трамп, рӯзи чоршанбе ҳаштуми моҳи май дар солрӯзи хуруҷи якҷониба аз тавофуқи байналмиллалӣ ва мавриди таъйиди Шурои Амнияти Созмони милаллӣ муттаҳид ва эъмоли таҳримҳои ғайриқонунӣ содир шууд.
Трамп, пештар низ мавзуи музокира бо мақомоти эрониро матраҳ карда буд дар шароите,ки бар хилофи тааҳудоти Вашингтон аз Барҷом хориҷ шуд ва таҳримҳои якҷонибареро алайҳи Эрон эъмол кард.