Май 12, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо дар бораи интиқоли аъзои ДОИШ ба Афғонистон

Раиси ҳамоҳангкунандаи муқобила бо терроризм дар Иттиҳодияи Аврупо дар бораи интиқоли аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ ба Афғонистон ҳушдор дод.

Ба гузориши торнамои Urdu Point, Жил Де Каршов, раиси ҳамоҳангкунандаи муқобила бо терроризм дар Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе гуфт: Ба дунболи шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ дар Ироқ ва Сурия дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳи террористӣ дар садади интиқоли аъзои худ ба Афғонистон ва кишварҳои шимоли Африқо аст.

Бино бар эъломи Жил Де Каршов, аъзои аврупоии ДОИШ ҳамчунон дар кишварҳои Ироқ ва Сурия  мустақар ҳастанд.

Барчасп