Май 13, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Могерини: Иттиҳоди Аврупо хоҳони идомаи иҷрои БарҶом аст

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ин иттиҳодия роҳҳои идомаи иҷрои тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эронро пайгирӣ мекунад.

Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”, Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе ва пеш аз дидор бо вазирони умури хориҷаи Фаронса, Олмон ва Британия дар Брюссел таъкид кард, то ҷое, ки битавонанд ва бо тамоми абзорҳо ва тамоми иродаи сиёсӣ аз БарҶом ҳимоят мекунанд.

Ҷаласаи имрӯзи Могерини бо вазирони хориҷаи Фаронса, Олмон ва Британия дар Брюссел, дар бораи иқдомоти барҷомии Эрон дар ҳолест, ки Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико низ ба таври ногаҳонӣ бо кӯтоҳ кардани сафари худ ба Русия, роҳии Брюссел шудааст то бо вузарои Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ кунад.

Ин нишаст аввалин ҷаласаи аврупоиҳо баъд аз ҳушдори барҷомии Эрон аст.

Могерини дар бораи сафари ногаҳонии Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико ба Брюссел барои дидор бо мақомҳои аврупоӣ низ гуфт, ки онҳо ҳам якшанбешаб аз ин мавзуъ иттилоъ пайдо кардаанд.

 

Барчасп