Май 15, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз танишҳо байни Амрико ва Эрон

Сухангӯи раисҷумҳури Русия дар изҳороте вазъи кунунии танишҳо байни Амрико ва Эронро нигаронкунанда хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”- и Русия, Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл рӯзи чаҳоршанбе ва як рӯз баъд аз дидори Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико бо мақомҳои рус дар Сочи гуфт, Маскав ҳеҷ замонате дар бораи Эрон аз Пампео дарёфт накардааст.

Ин мақоми рус гуфт, ба сабаби фишорҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон, авзоъ ба самти буҳронӣ шудан пеш меравад.

Димитрий Песков бо ишора ба тасмими ахири давлати Эрон дар бораи наҳваи иҷрои БарҶом гуфт: “Медонем Эрон ин тасмимҳоро бо ризоят нагирифта ва дар воқеъ ба фишорҳое посух додааст, ки бо матни БарҶом таноқуз дорад”.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 8 –уми майи соли 2019, дар нахустин солгарди хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бо ишора ба кӯтоҳии Аврупо дар ҷуброни ҳазинаҳои ин хуруҷ эълом кард, Эрон дар чорчӯби БарҶом ду тааҳҳуди худро мутаваққиф мекунад то аврупоиҳо кӯтоҳии худро дар муддати 60 рӯз ҷуброн кунанд.

 

Барчасп