Дархости Трамп аз Швейтсария барои миёнҷигарӣ бо Эрон
(last modified 2019-05-19T07:15:23+00:00 )
Май 19, 2019 12:15 Asia/Dushanbe
  • Дархости Трамп аз Швейтсария барои миёнҷигарӣ бо Эрон

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аз ҳамтои швейтсарӣ хостааст, то дар заминаи танишҳои ахир бо Эрон миёнҷигарӣ кунад.

Ба нақл аз Спутник, раиси ҷумҳури Швейтсария рӯзи панҷшанбе дар иқдоме бесобиқа ва дар сафаре аз пеш эъломнашуда вориди Вашингтон шуд, то ба гуфтаи таҳлилгарон дар бораи мавзӯъи Эрон бо Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯ кунад.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, Трамп дар дидор бо Улӣ Маурер раиси ҷумҳури Швейтсария аз ӯ хостааст, то дар хусуси танишҳои ахир дар минтақа бо Эрон миёнҷигарӣ кунад.

Раиси ҷумҳруи Амрико пас аз дидор бо Маурер дар посух ба саволоте мабнӣ бар инки оё Вашингтон бо Эрон вориди ҷанг мешавад гуфт, ки умедворам ин тавр набошад.

Швейтсария дар солҳои пас аз инқилоби исломӣ ба унвони ҳофизи манофеъи Амрико дар Эрон фаолият кардааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Швейтсария дидори Маурер бо Трампро таърихӣ хонданд, зеро ин нахустин бор буда, ки раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед аз ҳамтои швейтсарии худ пазироӣ кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико якшанбеи гузашта аз тамоюли худ барои тамоси раҳбарони Эрон бо вай барои ҳаллу фасли буҳрон миёни ду кишвар хабар дода ва гуфта буд, ки Вашингтон шумораеро дар ихтиёри Швейтсария гузоштааст, то мақомоти эронӣ дар сурати тамоюл ба музокира бо он тамос бигиранд.

Пеш аз ин дар паи танишҳои ба вуҷуд омада миёни Эрон ва Амрико камаш ҳафт киштии ҷангии амрикоӣ ба фармондеҳии нови ҳавопаймобари Обрҳом Линкен ба Халиҷи Форс эъзом ва сомонаи мушакии патриёт дар минтақа мустақар шуд.