Май 23, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Амрико хостори таътилии Анрува шуд

Ҷейсон Гринблат, намояндаи вижаи Амрико дар умури ғарби Осиё, рӯзи чаҳорашнбе хостори таътилии Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинии Анрува (UNRWA ) шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Гринблат дар нишасти Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи минтақаи ғарби Осиё изҳор дошт, замони он фаро расидааст, ки хадамоте, ки тавассути Анрува ироа мешавад ба созмонҳои мардумниҳод ва кишварҳое, ки мизбони оворагони фаластинӣ ҳастанд вогузор шавад.

Намояндаи вижаи Амрико дар умури ғарби Амрико, муддаӣ шуд модели Анрува мардуми Фаластинро сархурда кардааст.

Давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико 31 августи 2018 бо қатъи тамомии кумакҳои молиаш ба Анрува эълом кард ин созмон маъюб аст.

Анрува дар ҳаштуми декабри соли 1949 бар асоси қатъномаи маҷмаъи умумии Созмони Миллал ва бо ҳадафи имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ таъсис шуд. Анрува акнун ба ҳудуди панҷ миллион фаластинӣ дар Иордания, Лубнон ва заминҳои ишғолӣ дар Каронаи Бохтарии руди Иордания ва низ борикаи Ғазза кумакрасонӣ мекунад.

Сами Абузуҳрӣ сухангӯи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) пештар эълом карда буд тасмими Амрико мабнӣ бар таваққуфи ҳимояти молӣ аз Анрува бо ҳадафи аз байн бурдани ҳақи бозгашти оворагони фаластинӣ сурат мегирад.

Бар асоси эъломи коршиносон, қатъи кумаки молии Вашингтон ба Анрува бахше аз сиёсатҳои Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико барои таҳти фишор қарор додани фаластиниҳо ҷиҳати мувофиқат бо тарҳи мавсум ба "Муомилаи қарн" аст.

Муомилаи қарн тарҳи наве аз сӯи давлати Амрико аст, ки дар паи аз байн бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст, ин тарҳ бо ҳамкорӣ ва мувофиқати бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон таҳия шудааст.