Тағйирот дар кобинаи Афғонистон
(last modified Sun, 26 May 2019 14:01:27 GMT )
Май 26, 2019 19:01 Asia/Dushanbe
  • Тағйирот дар кобинаи Афғонистон

Раисҷумҳури Афғонистон се узви кабинаашро барканор ва ва афроди ҷадидро ҷойгузин кард.

Ашраф Ғанӣ шаби гузашта дар ҳукме Наҷибуллоҳ Хоҷаумарӣ, вазири омӯзиши олии Афғонистонро барканор ва Абдуттаввоб Болокарзиро ба унвони сарпарасти ҷадиди ин вазоратхона мансуб кард.

Ду рӯз пеш низ Ашраф Ғанӣ Шаҳзоди Гулаюбӣ, вазири мухобироти Афғонистонро барканор ва Муҳаммадфаҳим Ҳошимӣ, раиси кумитаи олимпики ин кишвар ва соҳибимтиёзи яке аз шабакаҳои телевизионии афғонистонро ба ҷои вай муаррифӣ карда буд.

Ин тағйирот ба Вазорати нерӯ ва оби Афғонистон ҳам расд ва Тоҳир шорон, раиси Созмони энержии атомии ин кишвар ҷойгузини Муҳаммад Гулхаламӣ сарпарасти ин вазоратхона шуд.