Иддаои Доналд Трамп барои музокира бо Эрон
Раисҷумҳури Амрико дар конфронси хабарии муштарак бо нахуствазири Ҷопон дар Токио, аз омодагии худ барои гуфтугӯ бо мақомоти Эрон барои ҳалли ихтилофот хабар дод.
Ба гузориши “Франс пресс”, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ бо Шинзо Обе, нахуствазири Ҷопон дар Токио, дар посух ба хабарнигорон дар иртибот бо эҳтимоли миёнҷигарии Ҷопон байни Эрон ва Амрико барои оғози музокироти ду кишвар гуфт, Ҷопон робитаи хубе бо Эрон дорад ва метавонад дар ин замина нақшофаринӣ кунад.
Трамп муддаӣ шуд, вай дар ин замина мушкиле надорад ва бар ин бовар аст, ки Эрон тамоюл дорад бо Амрико музокира кунад. Агар мақомоти Эрон бихоҳанд, ки гуфтугӯ кунанд, амрикоиҳо низ тамоюл ба гуфтугӯ доранд.
Ин иддаои Амрико дар бораи оғози музокирот бо Эрон дар ҳолест, ки ин кишвар бо хуруҷ аз БарҶом, таҳримҳо зидди Эронро сахттар карда ва бо ҳузур дар минтақаи халиҷи Форс омили буҳрон ва ноамнӣ дар минтақа шудааст.
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам ахиран гуфта, бо таваҷҷуҳ ба бадаҳдӣ, бадқавлӣ ва қулдурмаобии Амрико, роҳи ҳар гуна музокира бо ин кишвар бастааст.