Оғози дувумин нишасти аҳзоби сиёсии Афғонистон ва Толибон дар Маскав
Дувумин нишасти намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон ва Толибон бо ҳузури вазири хориҷии Русия имрӯз дар шаҳри Маскав оғоз шуд.
Ба гузориши ИРНА, ин дувумин дидори мустақими намояндагони Толибон ва шахсиятҳои сиёсии Афғонистон дар Маскав аст ва нахустин бор аст, ки Мулло Бародар, муовини сиёсии Толибон низ дар ин нишаст ҳузур меёбад. Ин нишаст ба мизбонии Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон баргузор шудааст ва то ду рӯз идома хоҳад дошт.
Дар нишасти ифтитоҳии ин дидор мақомоти сиёсии Афғонистон ва намояндагони Толибон аз садсолагии равобити таърихии Афғонистону Русия ба некӣ ёд карданд.
Нишастҳои мақомоти сиёсии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон имрӯзу фардо идома меёбад.
Ато Муҳаммади Нур, раиси иҷроияи Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон дар ин нишаст гуфт: «Ба эҳтироми моҳи мубораки Рамазон ва ҷасорату ватандӯстии ду тараф таваққӯъ дорем, аз ин иҷлос тавофуқи сулҳ ва оташбас ба даст ояд». Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон низ музокироти байнифғониро фурсате барои поёни ҷанг донист ва бо таъкид бар поёни фаврии хушунатҳо гуфт, қурбонии аслии раванди феълӣ шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд. Ӯ афзуд, вуҷуди Русияи қавӣ ба нафъи ҳама минтақа аст ва Афғонистон аз Русия мехоҳад, то дар сафи аввали сулҳи Афғонистон ҳузур дошта бошад. Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ҳам дар суханони кӯтоҳе гуфт, ки ин гурӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон мутааҳҳид аст, аммо мавонеи сулҳ бояд аз миён бардошта шавад. Ӯ бар поёни «ишғоли Афғонистон» пофишорӣ кард.
Аввалин нишасти Толибон ва сиёсатмадорони афғон дар Маскав моҳи феврал баргузор шуда буд.