Роҳандозии маъракаи маҳкумияти таҳриму таҳдидҳои Амрико зидди Эрон дар Малайзия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44110-Роҳандозии_маъракаи_маҳкумияти_таҳриму_таҳдидҳои_Амрико_зидди_Эрон_дар_Малайзия
Теъдоде аз гурӯҳҳои мардумниҳод ва фаъолони иҷтимоӣ ва сиёсии Малайзия компайн ё маъракаи маҳкумияти таҳдид ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон ва ҷангафрӯзиҳои Вашингтон дар минтақа ба роҳ андохтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2019 14:53 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии маъракаи маҳкумияти таҳриму таҳдидҳои Амрико зидди Эрон дар Малайзия

Теъдоде аз гурӯҳҳои мардумниҳод ва фаъолони иҷтимоӣ ва сиёсии Малайзия компайн ё маъракаи маҳкумияти таҳдид ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон ва ҷангафрӯзиҳои Вашингтон дар минтақа ба роҳ андохтанд.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи поёнии нишасти рӯзи чаҳоршанбеи гурӯҳҳои мардумниҳод ва фаъолони иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Малайзия омадааст: Мардуми ин кишвар бо таҳримҳои Амрико зидди Эрон ва сиёсати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки тавассути Майк Пампео, вазири умури хориҷа ва Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллӣ барои ҷангталабӣ зидди Теҳрон пайгирӣ мешавад, мухолиф ҳастанд.

Дар ин баёния омадааст: Мардуми Малайзия ҳамчунин иқдомоти таҳрикомези бархе кишварҳои арабӣ дар тарғиби раисҷумҳури Амрико ба роҳандозии ҷанги дигар дар минтақаро комилан маҳкум мекунад.

Дар баёнияи гурӯҳҳои мардумниҳод ва фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии Малайзия таъкид шудааст, иқдоми Амрико дар эъзоми низомиёнаш ба халиҷи Форс амният ва сулҳи минтақа ва ҷаҳонро ба хатар андохтааст. Бинобарин миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон бояд ба ин иқдомоти таҳрикомез вокуниши ҷиддӣ нишон диҳанд.