Июн 02, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Эъмоли таърифаи 60 миллиарддолларии Чин бар колоҳои воридотии Амрико

Муовини вазири бозаргонии Чин аз эъмоли таърифаи 60 миллиарддолларӣ бар рӯи колоҳои воридотии Амрико хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Wang Shuwen рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар Пекин ба Вашингтон ҳушдор дод, ки ба ҳар гуна иқдоми инитқомҷӯёнаи Амрико посух хоҳад дод.

Вай гуфт, ки Вашингтон наметавонад бо зӯру таҳдид Пекинро водор ба тавофуқи ноодилонаи тиҷорӣ кунад.

Муовини вазири бозаргонии Чин Амрикоро масъули шикаст дар музокироти тиҷории Пекин - Вашингтон донист ва таъкид кард, ҳаргиз аз ҷанги тиҷорӣ истиқбол накардааст, аммо тарсе ҳам аз он надорад.

Трамп муддаӣ аст, Чин бо сирқати ҳаққи моликияти маънавӣ ва табъизи тиҷорӣ ширкатҳои хориҷӣ ва амрикоиро таҳти фишор мегузорад ва колоҳои арзонқиматро бо пардохти ёрона ба кишварҳои дигар содир мекунад.

 

Барчасп