Сел дар вилояти Самангони Афғонистон
(last modified Mon, 03 Jun 2019 08:56:05 GMT )
Июн 03, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Сел дар вилояти Самангони Афғонистон

Селоб дар маркази вилояти Самангон шимоли Афғонистон як кушта ва ду масдум бар ҷо гузошт.

Ба гузориши хубаргузории Садо ва симо аз Кобул, раиси идораи ҳодисаҳои табии вилояти Самангон эълом кард; рӯзи якшанбе бар асари ҷори шудани сел дар шаҳристонҳои Сарипул, Хуррам ва Сорубоғ ин вилоят, илова бар тахриби 200 хона, хасороти сангине ба заминҳои кишоварзӣ ва боғҳои ин шаҳристонҳо ворид шуд. Вай гуфт; селзадагон ниёз ба кумакҳои фаврӣ доранд.

Аз оғози имсол то кунун наздик ба 150 нафар бар асари сел дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ҷон бохтанд ва хасороте ба беш аз бисту ҳафт ҳазор воҳиди маскунӣ ворид шуд.