Июн 03, 2019 17:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сенати Афғонистон бар шиддат бахшидани ҷанг алайҳи Толибон

Сенати Афғонистон дар вокуниш ба баёнияи раҳбари Толибон эълом кард, ки Толибон тамоюле ба сулҳ надорад ва барои саркӯби ин гурӯҳ бояд амалиёти густурдаи низомӣ роҳандозӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон дар остонаи иди саиди Фитр дар баёнияе бар лузуми идомаи ҷанг таъкид ва давлати Афғонистонро монеи бузурге дар баробари сулҳ унвон кард.

Шуморе аз намояндагони сенати Афғонистон дар вокуниш ба ин мавзуъ мзҳор доштанд, ки Толибон тамоюле ба сулҳ надорад ва давлати Афғонистон бояд аз тариқи низомӣ ба дунболи нобудии ин гурӯҳ бошад.

Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси сенати Афғонистон гуфт, бо вуҷуди талошҳои бисёр дар раванди сулҳ, дар мавзеи Толибон ҳеҷ тағйире эҷод нашуда ва ин гурӯҳ ҳамчунон бо тамоми тавони худ ба ҷанг идома додааст.

Вай афзуд, беҳтар аст ниҳодҳои амниятии Афғонистон тадобиреро барои муқобила бо ҳамалоти ин гурӯҳ биандешад.

Муслимёр гуфт, ки Толибон омодаи пазириши сулҳ нестанд ва хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ баҳонае беш нест, ки ба унвони як ҳарбаи сиёсӣ аз сӯи ин гурӯҳ истифода мешавад.

Раиси сенати Афғонистон аз музокироти сулҳ бо Толибон дар ғиёби давлат ва парлумони Афғонистон низ ба шиддат интиқод кард ва гуфт, музокира бо Толибон дар ғиёби давлат ва парлумони Афғонистон дар воқеъ бо ҳадафи тақвият ва машрӯиятбахшӣ ба ин гурӯҳ ва тахриби давлати Афғонистон баргузор мешавад.

Абдуллоҳ Қарлуқ, узви сенати Афғонистон ва яке аз ширкаткунандагон дар музокироти байналафғонии Маскав низ гуфт, Толибон нияти оштӣ ва оташбас бо низоми Афғонистонро надорад ва қонуни асосӣ ва дастовардҳои гузаштаро низ намепазирад.

Вай афзуд, раҳбарони сиёсии Толибон дар нишасти Маскав аз раҳбарони сиёсии Афғонистон хостанд, ки бо Толибон дар хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва эҷоди иморати исломӣ ҳамкорӣ кунанд то Толибон низ онҳоро дар ҳукумати оянда саҳим созанд.

Ин изҳорот дар ҳоле сурат мегирад, ки музокироти байналафғонии аҳзоби сиёсӣ ва Толибон дар Русия бо шикаст рӯ ба рӯ шудааст ва ду тараф натавонистанд баёнияи муштаракеро содир кунанд.

Аз сӯи дигар, шаш давр аз музокироти Амрико бо Толибон низ шикаст хӯрда ва қарор аст ба зудӣ даври ҳафтуми музокироти ду тараф дар Доҳаи Қатар оғоз шавад.

 

Барчасп