Инфиҷори террористӣ дар намози Иди Фитр дар шимоли Афғонистон
Июн 04, 2019 19:05 Asia/Dushanbe
Бар асари инфиҷори бомб дар байни намозгузорони рӯзи Иди Фитр дар вилояти Бағлони Афғонистон ду нафар кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузории “Шафақно”-и Афғонистон, бар асари инфиҷори бомб дар байн намозгузорони Иди саиди Фитр дар Шаҳри Кӯҳнаи шаҳристони Наҳрини вилояти Бағлон, дар шимоли Афғонистон 14 нафари дигар захмӣ шуданд. То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар уҳда нагирифтааст.