Бузургтарин озмуни ҷаҳон бо ҳузури 10 миллион донишомӯз дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44269-Бузургтарин_озмуни_ҷаҳон_бо_ҳузури_10_миллион_донишомӯз_дар_Чин
Имтиҳоноти саросарӣ дар Чин аз имрӯз (ҷумъа) бо ширкати беш аз 10 миллион донишомӯз ба унвони бузургтарин озмуни ҷаҳон дар саросари ин кишвар оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 07, 2019 12:38 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин озмуни ҷаҳон бо ҳузури 10 миллион донишомӯз дар Чин

Имтиҳоноти саросарӣ дар Чин аз имрӯз (ҷумъа) бо ширкати беш аз 10 миллион донишомӯз ба унвони бузургтарин озмуни ҷаҳон дар саросари ин кишвар оғоз шуд.

Ба нақл аз ИРНА, теъдоди донишомӯзони ширкаткунанда дар ин озмун соли гузашта 9 миллиону 750 ҳазор нафар буд, аммо имсол ин омор аз 10 миллион нафар гузаштааст.

Дар муддати се рӯзи баргузории имтиҳоноти саросарӣ дар Чин ба манзури барқарории фазои ором барои донишомӯзон, ҳеҷ василаи нақлияе ҳаққи тараддуд дар шаҳрҳоро надорад.

Озмуни саросарӣ дар Чин ҳамасола дар ду гурӯҳ: риштаҳои адабиёти чинӣ, риёзиёт, забони англисӣ, биология, физика ва химия ва гурӯҳи адабиёти чинӣ, риёзиёт, забони англисӣ, география, таърих ва сиёсат баргузор мешавад.