Июн 09, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши худкушӣ дар неруи баҳрии Амрико

Оморҳо нишон медиҳад худкушӣ дар байни туфангдорони неури баҳрии артиши Амрико афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Русия Алявм, навтарин гузориши мунташиршуда дар бораи худкушии низомиёни амрикоӣ аз афзоиши он дар байни туфангдорони неруи баҳрӣ дар солҳои гузашта ҳикоят дорад.

Таҳқиқе дар бораи худкушии 135 низомии амрикоӣ дар солҳои 2011 то 2013 нишон медиҳад эҳтимоли худкушии низомиён замоне, ки силоҳҳои худро дар амокини хусусӣ ва умумӣ ҳамл мекунанд ба вижа ҳангоме ки бекор бошанд бештар мешавад.

61 нафар аз ин низомиён ба василаи силоҳи инфиродии худашон худкушӣ карда ва бархе низ бо шиваҳои дигаре ба зиндагии худ поён додаанд.

Бар асоси ин таҳқиқ миёнгини худкушӣ дар байни низомиёни амрикӣ дар ҷараёни ҷанги Ироқ ва Афғонистон афзоиш ёфта ба гунае, ки дар соли 2012 ба болотарин ҳадди худ расидааст.

Беш аз 90 дарсад аз умри ҳудуди 250 солаи кишвари Амрико дар ҷанг, ишғолгарӣ ва даргирӣ дар кишварҳои мухталиф сипарӣ шуда ҷангҳое, ки то имрӯз идома дорад ва ҳамвора Амрико оғозгари онҳо будааст. 

Барчасп