Сентябр 19, 2016 15:53 Asia/Dushanbe
  • Кушоиш дар раванди ислоҳоти интихоботи Афғонистон

Сарвар Дониш, муовини дувуми Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон эълом кард, бар асоси моддаи 83-и Қонуни Асосии Афғонистон, масъулияти таъйини салоҳияти ҳавзаҳои интихоботӣ ба Комиссияи мустақили интихобот вогузор шудааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сарвар Дониш, дар бораи салоҳияти ҳавзаҳои интихоботӣ дидгоҳҳо ва тарҳҳои мухталиф маврид баҳс қарор гирифтааст, ки дар ниҳоят масъулияти комили таъйини салоҳияти онҳо ба Комиссияи мустақили интихобот дода шудааст. Риояти таносуби нуфус, таъмини намояндагии умумӣ ва таъмини намояндагии одилона аз меъёрҳое аст, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар таъйини ҳавзаҳои интихоботӣ бояд дар назар бигирад.

Дафтари матбуотии муовини раисҷумҳури Афғонистон ҳамчунин эълом кард, ки низоми интихоботии ин кишвар ҳамон низоми собиқ, яъне низоми раъйи воҳид, ғайриқобили интиқол аст ва ҳеҷ тағйире накардааст.

Яке аз чолишҳои муҳим дар Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо парлумони ин кишвар баҳси ислоҳи низоми интихоботӣ аст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷрояи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳамвора ба ислоҳи низоми интихоботӣ ва шаффоф шудани он таъкид дорад ва эълом кардааст, то замоне ки ин ислоҳот сурат нагирад, интихоботи парлумонӣ ва шӯрои вилоёт баргузор нахоҳад шуд. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ низ чандин фармон дар ин хусус содир ва ба парлумон ироа кардааст, ки ҳеҷ кадоме тасвиб нашудаанд ва ҳатто намояндагони парлумон ихтиёроти раисҷумҳурро дар ин замина маҳдуд карданд. Бо ин ҳол, палатаи болоии парлумони Афғонистон, ки бо дидгоҳи Ашраф Ғанӣ мувофиқ аст, фармонҳои ӯро дар бораи ислоҳот дар низоми интихоботӣ таъйид кард. Ихтилофи назар миёни палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони Афғонистон боиси ташкили кумитаи муштараке барои баррасии масъалаи ислоҳот дар низоми интихоботӣ ва дидгоҳҳои раисҷумҳур шуд, ки то кунун натиҷабахш набудааст.

Муҳлати фаъолияти қонунии парлумони феълии Афғонистон поён ёфтааст, аммо ба далели мушкилоти фаннию молӣ ва зарурати ислоҳоти лозим дар низоми интихоботӣ ҳанӯз интихоботи ҷадид баргузор нашудааст ва гуфта мешавад, ниҳодҳои байналмилалӣ низ идомаи кӯмакҳои худро ба эҷоди ислоҳот дар низоми интихоботӣ ва баргузор кардани интихоботи парлумонӣ рабт додаанд. Он чӣ акнун маҳофили сиёсӣ ва расонаии Афғонистонро барои ислоҳот дар низоми интихоботӣ ва баргузор кардани интихобот умедвор карда, тавофуқи ахири Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар ин хусус аст.

Гуфта мешавад, яке аз муҳимтарин ихтилофоти ду тараф, ки мунҷар ба таниши сиёсӣ миёни онон низ шуд, масъалаи ислоҳот дар низоми интихоботӣ буд, ки дар севумин дидори Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин масъала ҳал шуд ва ду тараф дар бораи ислоҳи низоми интихоботӣ, тавзеи шиносномаҳои электронӣ, ташкили Комиссияи ислоҳоти Қонуни Асосӣ ва таъйини аъзои Кумитаи назорат ба татбиқи тавофуқномаи сиёсӣ ба тавофуқ расиданд.

Ҳукумати Афғонистон эълом кардааст, ки ислоҳот дар низоми интихоботии ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба асли бетарафӣ ва истиқлол дар таъйини таркиби кумитаи гузиниш сурат мегирад ва намояндагони гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи занон ва ниҳодҳои ҷомеаи мадании марбут ба интихобот низ дар он ҳузур доранд ва бо сурати комилан мустақил амал мекунад.

Бар ҳар ҳол, мавзӯи ислоҳот дар низоми интихоботии Афғонистон, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ба таври ҷиддӣ матраҳ шуд, баъд аз гузашти ду сол ҳанӯз амалӣ нашудааст. Ба ҳамин далел бархе аз маҳофили сиёсӣ онро ношӣ аз нокоромадии Ҳукумати ваҳдати миллӣ ва ихтилофоти даруни он медонанд. Ҳарчанд бархе ҷиноҳҳои қавмӣ низ дар парлумон бо ислоҳот дар низоми интихоботии Афғонистон мухолифанд ва онро мӯҷиби аз даст додани мавқеияти худ дар парлумон талаққӣ мекунанд.