Июн 17, 2019 15:08 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Могерини бар хештандории тарафҳо дар ғарби Осиё

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бори дигар бар хештандории тарафҳо дар ғарби Осиё ва халиҷи Форс ба манзури пешгирӣ аз муташаниҷ шудани авзои минтақа таъкид кард.

Ба гузориши телевизиони Шӯрои Аврупо, Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе пеш аз ширкат дар нишасти вазирони хориҷа ва дифои Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҳамон гуна, ки дар рӯзҳои гузашта эълом кардаем, хостори хештандории ҳаддиаксарӣ ва хирадварзӣ дар минтақаи ғарби Осиё ҳастем.

Нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе дар Люксембург бо ҳадафи баррасии танишҳои физоянда дар минтақаи ғарби Осиё ва баҳс бар сари ҳодисаи таркиши ду нафткаш дар дарёи Уммон баргузор мешавад.

Ҳамчунин гуфта шуда, яке аз мавзӯоти муҳими дигари ин нишст ултиматуми 60 рӯзаи барҷомии Эрон хоҳад буд.

Ҳудуди чиҳил рӯзи пеш аз ин, Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо интишори баёнияе, зимни маҳкум кардани Амрико ба далели хуруҷ аз Барҷом, аз кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ низ ба хотири кундӣ ва камкорӣ дар таъмини тааҳудоташон ба шиддат интиқод кард.

Эрон ҳамчунин дар  баёнияи ҳушдоромези худ ба кишварҳои боқимонда дар БарҶом шаст рӯз фурсат дода буд то ба тааҳудоташон, ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ амал кунанд ва чунончӣ дар ин муҳлат кишварҳои мазбур қодир набошанд талаботи Эрон ро таъмин кунанд, дар марҳалаи баъдӣ Теҳрон риояти маҳдудиятҳои марбут ба сатҳи ғанисозии уран ва иқдомҳои марбут ба модернсозии реактори оби сангини Арокро низ мутавақиф хоҳад кард.

Бо ин ҳол пеш аз ин Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба муҳлати 60 рӯзаи Эрон барои иҷроии тааҳудоти бонкӣ ва нафтӣ эълом карда буд, ки ҳеҷ замони муайянеро аз сӯи Теҳрон намепазирад.

Барчасп