Июн 20, 2019 12:44 Asia/Dushanbe
  • Бартарии демократҳо бар ҷумҳурихоҳон дар назарсанҷии интихоботи Амрико

Натиҷаҳои як назарсанҷӣ аз бартарии демократҳо бар ҷумҳурихоҳон дар интихоботи ояндаи Амрико ҳикоят дод.

Ба гузориши нашрияи Ҳейл, натоиҷи назарсанҷии муштараки рӯзномаи Економист ва муассисаи Ю-Гов аз бартарии 8 дарсадии демократҳо бар ҷумҳурихоҳон дар интихоботи соли 2020 Амрико ҳикоят дорад.

Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад 47 дасради раъйдиҳандагони сабтшуда қасд доранд дар интихоботи ояндаи конгира ба номзадҳои демократи ҳавзаҳои интихоботии худ раъй бидиҳанд ва 39 дарсад низ эълом карданд ба ҷумҳурихоҳон раъй хоҳанд дод. 10 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ низ гуфтанд, ки ҳануз мутмаин нестнад ба чи касе раъй хоҳанд дод.

Демократҳо дар миёни раъйдиҳандагони сиёҳпуст ва лотинтаборҳо низ бартарии беш аз 10 дасрадӣ доранд.

Ин назарсанҷӣ аз 16 то 18 июн якшанбе то сешанбеи ин ҳафта баргузор шуд.

Амалкарди Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бо интиқодоти густардае ру ба ру шуда ва ҳамҳизбиҳои ҷумҳурихоҳи вайро низ бо нигарониҳои ҷидии интихоботӣ ру ба ру кардааст.

Барчасп